سورة الصافات بالطاجيكية
وَالصَّافَّاتِ صَفًّا(1) Савганд ба он фариштагон, ки барои Худо саф бастаанд, |
فَالزَّاجِرَاتِ زَجْرًا(2) савганд ба он фариштагон, ки абрҳоро меронанд, |
فَالتَّالِيَاتِ ذِكْرًا(3) савганд ба он фариштагон, ки зикри Худоро мехонанд, |
إِنَّ إِلَٰهَكُمْ لَوَاحِدٌ(4) ки Худои шумо Худои яктост. |
رَّبُّ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَمَا بَيْنَهُمَا وَرَبُّ الْمَشَارِقِ(5) Парвардигори осмонҳову замин аст ва ҳар чӣ дар миёни онҳост. Ва Парвардигори машрикҳост! |
إِنَّا زَيَّنَّا السَّمَاءَ الدُّنْيَا بِزِينَةٍ الْكَوَاكِبِ(6) Мо осмони дунёро ба зинати ситорагон биёростем. |
وَحِفْظًا مِّن كُلِّ شَيْطَانٍ مَّارِدٍ(7) Ва аз ҳар шайтони нофармон нигаҳ доштем. |
لَّا يَسَّمَّعُونَ إِلَى الْمَلَإِ الْأَعْلَىٰ وَيُقْذَفُونَ مِن كُلِّ جَانِبٍ(8) То сухани сокинони олами болоро нашнаванд ва аз ҳар сӯй ронда шаванд. |
دُحُورًا ۖ وَلَهُمْ عَذَابٌ وَاصِبٌ(9) То дур гарданд ва барои онҳост азобе доим. |
إِلَّا مَنْ خَطِفَ الْخَطْفَةَ فَأَتْبَعَهُ شِهَابٌ ثَاقِبٌ(10) Ғайри он шайтон, ки ногаҳон чизе бирабояд ва ногаҳон шӯълаи сӯзандае дунболаш кунад. |
فَاسْتَفْتِهِمْ أَهُمْ أَشَدُّ خَلْقًا أَم مَّنْ خَلَقْنَا ۚ إِنَّا خَلَقْنَاهُم مِّن طِينٍ لَّازِبٍ(11) Пас, аз кофирон бипурс, ки оё офариниши онҳо душвортар аст ё он чӣ Мо офаридаем. Мо онҳоро аз гиле часпанда офаридаем. |
بَلْ عَجِبْتَ وَيَسْخَرُونَ(12) Ту дар тааҷҷуб шудӣ ва онҳо масхара мекунанд. |
وَإِذَا ذُكِّرُوا لَا يَذْكُرُونَ(13) Ва чун ба онҳо панд дода шавад, панд, намепазиранд. |
وَإِذَا رَأَوْا آيَةً يَسْتَسْخِرُونَ(14) Ва чун ояе бубинанд, аз якдигар мехоҳанд, то онро ба масхара гиранд. |
وَقَالُوا إِنْ هَٰذَا إِلَّا سِحْرٌ مُّبِينٌ(15) Ва мегӯянд: «Ин чизе ғайри ҷодуи ошкор нест, |
أَإِذَا مِتْنَا وَكُنَّا تُرَابًا وَعِظَامًا أَإِنَّا لَمَبْعُوثُونَ(16) оё вақте ки мо мурдем ва хоку устухон шудем, моро зинда мекунанд? |
أَوَآبَاؤُنَا الْأَوَّلُونَ(17) ё падарони моро?» |
قُلْ نَعَمْ وَأَنتُمْ دَاخِرُونَ(18) Бигӯ: «Бале, ва шумо хору бечора мешавед!» |
فَإِنَّمَا هِيَ زَجْرَةٌ وَاحِدَةٌ فَإِذَا هُمْ يَنظُرُونَ(19) Ва онон худ хоҳанд дид, ки ба як фармон ҳамаро зинда мекунанд. |
وَقَالُوا يَا وَيْلَنَا هَٰذَا يَوْمُ الدِّينِ(20) Мегӯянд: «Вой бар мо, ин ҳамон рӯзи ҷазост!» |
هَٰذَا يَوْمُ الْفَصْلِ الَّذِي كُنتُم بِهِ تُكَذِّبُونَ(21) Ин ҳамон рӯзи довари аст, ки дурӯғаш мепиндоштед. |
۞ احْشُرُوا الَّذِينَ ظَلَمُوا وَأَزْوَاجَهُمْ وَمَا كَانُوا يَعْبُدُونَ(22) Ононро, ки зулм мекарданд ва ҳамроҳонашонро ва онҳоеро, ки ба ҷои Худои якто мепарастиданд, ҷамъ оваред. |
مِن دُونِ اللَّهِ فَاهْدُوهُمْ إِلَىٰ صِرَاطِ الْجَحِيمِ(23) Ҳамаро ба роҳи ҷаҳаннам роҳ нишон диҳед. |
وَقِفُوهُمْ ۖ إِنَّهُم مَّسْئُولُونَ(24) Ва нигаҳ доредашон, бояд бозхост шаванд. |
مَا لَكُمْ لَا تَنَاصَرُونَ(25) «Чаро якдигарро ёрӣ намекунед?» |
بَلْ هُمُ الْيَوْمَ مُسْتَسْلِمُونَ(26) На, имрӯз ҳама таслимшавандагонанд. |
وَأَقْبَلَ بَعْضُهُمْ عَلَىٰ بَعْضٍ يَتَسَاءَلُونَ(27) Ва он гоҳ рӯй ба якдигар кунанд ва бипурсанд. |
قَالُوا إِنَّكُمْ كُنتُمْ تَأْتُونَنَا عَنِ الْيَمِينِ(28) Гӯянд: «Шумо будед, ки аз дари некхоҳӣ бар мо медаромадед». |
قَالُوا بَل لَّمْ تَكُونُوا مُؤْمِنِينَ(29) Гӯянд: «На, шумо имон наёварда будед. |
وَمَا كَانَ لَنَا عَلَيْكُم مِّن سُلْطَانٍ ۖ بَلْ كُنتُمْ قَوْمًا طَاغِينَ(30) Моро бар шумо ҳеҷ ғолибияте набуд. Шумо худ мардумоне нофармон будед. |
فَحَقَّ عَلَيْنَا قَوْلُ رَبِّنَا ۖ إِنَّا لَذَائِقُونَ(31) Гуфтаи Парвардигорамон бар мо воҷид шуд. Акнун бояд бичашем. |
فَأَغْوَيْنَاكُمْ إِنَّا كُنَّا غَاوِينَ(32) Мо шуморо гумроҳ кардем ва худ низ гумроҳ будем». |
فَإِنَّهُمْ يَوْمَئِذٍ فِي الْعَذَابِ مُشْتَرِكُونَ(33) Дар он рӯз ҳама дар азоб шариканд. |
إِنَّا كَذَٰلِكَ نَفْعَلُ بِالْمُجْرِمِينَ(34) Мо бо гунаҳкорон чунин мекунем. |
إِنَّهُمْ كَانُوا إِذَا قِيلَ لَهُمْ لَا إِلَٰهَ إِلَّا اللَّهُ يَسْتَكْبِرُونَ(35) Чун ба онон гуфта мешуд, ки ғайри Худои якто худое нест, такаббур мекарданд |
وَيَقُولُونَ أَئِنَّا لَتَارِكُو آلِهَتِنَا لِشَاعِرٍ مَّجْنُونٍ(36) ва мегуфтанд: «Оё ба хотири шоири девонае худоёнамонро тарк гӯем?» |
بَلْ جَاءَ بِالْحَقِّ وَصَدَّقَ الْمُرْسَلِينَ(37) На, он паёмбар ҳақро овард ва паёмбарони пешинро тасдиқ кард. |
إِنَّكُمْ لَذَائِقُو الْعَذَابِ الْأَلِيمِ(38) Шумо азоби дардоварро хоҳед чашид! |
وَمَا تُجْزَوْنَ إِلَّا مَا كُنتُمْ تَعْمَلُونَ(39) Дар баробари амалҳоятон ҷазо хоҳед дид. |
إِلَّا عِبَادَ اللَّهِ الْمُخْلَصِينَ(40) Ғайри бандагони мухлиси Худо, |
أُولَٰئِكَ لَهُمْ رِزْقٌ مَّعْلُومٌ(41) ки онҳоро ризқе муъайян аст. |
فَوَاكِهُ ۖ وَهُم مُّكْرَمُونَ(42) аз меваҳо, ва гиромӣ доштагонанд |
فِي جَنَّاتِ النَّعِيمِ(43) дар биҳиштҳои пурнеъмат, |
عَلَىٰ سُرُرٍ مُّتَقَابِلِينَ(44) бар тахтҳое, ки рӯбарӯи ҳаманд. |
يُطَافُ عَلَيْهِم بِكَأْسٍ مِّن مَّعِينٍ(45) Ва ҷоме аз чашмаи хушгувор миёнашон ба гардиш дарояд, |
بَيْضَاءَ لَذَّةٍ لِّلشَّارِبِينَ(46) сафед асту нӯшандагонашро лаззатбахш, |
لَا فِيهَا غَوْلٌ وَلَا هُمْ عَنْهَا يُنزَفُونَ(47) на дарди сар орад ва на нӯшанда маст шавад. |
وَعِندَهُمْ قَاصِرَاتُ الطَّرْفِ عِينٌ(48) Заноне фарохчашм, ки танҳо ба шавҳарони худ назар доранд, ҳамдами онҳоянд. |
كَأَنَّهُنَّ بَيْضٌ مَّكْنُونٌ(49) Ҳамонанди тухми мурғҳое дур аз дастрас. |
فَأَقْبَلَ بَعْضُهُمْ عَلَىٰ بَعْضٍ يَتَسَاءَلُونَ(50) Рӯ ба якдигар кунанд ва гуфтугӯ кунанд. |
قَالَ قَائِلٌ مِّنْهُمْ إِنِّي كَانَ لِي قَرِينٌ(51) Яке аз онҳо гӯяд: «Маро ҳамнишине буд, |
يَقُولُ أَإِنَّكَ لَمِنَ الْمُصَدِّقِينَ(52) ки мегуфт: «Оё ту аз онҳо ҳастӣ, ки тасдиқ мекунанд? |
أَإِذَا مِتْنَا وَكُنَّا تُرَابًا وَعِظَامًا أَإِنَّا لَمَدِينُونَ(53) Оё он гоҳ, ки мурдему хоку устухон шудем, ҷазоямон медиҳанд?» |
قَالَ هَلْ أَنتُم مُّطَّلِعُونَ(54) Гӯянд: «Метавонед аз боло бинигаред?» |
فَاطَّلَعَ فَرَآهُ فِي سَوَاءِ الْجَحِيمِ(55) Аз боло бинигарад ва ӯро дар миёни оташи дӯзах бинад. |
قَالَ تَاللَّهِ إِن كِدتَّ لَتُرْدِينِ(56) Гуядаш: «Ба Худо савганд, наздик буд, ки маро ба ҳалокат афканӣ. |
وَلَوْلَا نِعْمَةُ رَبِّي لَكُنتُ مِنَ الْمُحْضَرِينَ(57) Ва агар мавҳибати (бахшиши) Парвардигорам набуд, ман низ аз ҳозиршудагони азоб мебудам. |
أَفَمَا نَحْنُ بِمَيِّتِينَ(58) Оё моро марге нест, |
إِلَّا مَوْتَتَنَا الْأُولَىٰ وَمَا نَحْنُ بِمُعَذَّبِينَ(59) ҷуз он марги нахустин? Ва дигар азобамон намекунанд?» |
إِنَّ هَٰذَا لَهُوَ الْفَوْزُ الْعَظِيمُ(60) Ҳар оина (албатта) ин аст комёбии бузург! |
لِمِثْلِ هَٰذَا فَلْيَعْمَلِ الْعَامِلُونَ(61) Амалкунандагон бояд барои чунин мукофоте амал кунанд. |
أَذَٰلِكَ خَيْرٌ نُّزُلًا أَمْ شَجَرَةُ الزَّقُّومِ(62) Оё хӯришро ин беҳтар ё дарахти заққум? |
إِنَّا جَعَلْنَاهَا فِتْنَةً لِّلظَّالِمِينَ(63) Мо он дарахтро барои ибтилои (гирифтории) ситамкорон падид овардаем. |
إِنَّهَا شَجَرَةٌ تَخْرُجُ فِي أَصْلِ الْجَحِيمِ(64) Дарахтест, ки аз қаъри ҷаҳаннам мерӯяд, |
طَلْعُهَا كَأَنَّهُ رُءُوسُ الشَّيَاطِينِ(65) Мевааш монанди сари шайтонҳо аст, |
فَإِنَّهُمْ لَآكِلُونَ مِنْهَا فَمَالِئُونَ مِنْهَا الْبُطُونَ(66) дӯзахиён аз он мехӯранд ва шикам пур месозанд |
ثُمَّ إِنَّ لَهُمْ عَلَيْهَا لَشَوْبًا مِّنْ حَمِيمٍ(67) ва бар сари он омехтае аз оби сӯзон менушанд. |
ثُمَّ إِنَّ مَرْجِعَهُمْ لَإِلَى الْجَحِيمِ(68) Сипас бозгашташон ба ҳамон ҷаҳаннам аст. |
إِنَّهُمْ أَلْفَوْا آبَاءَهُمْ ضَالِّينَ(69) Онҳо падарони худро пеш аз худ гумроҳ ёфтанд |
فَهُمْ عَلَىٰ آثَارِهِمْ يُهْرَعُونَ(70) ва аз паи онҳо шитобон мераванд. |
وَلَقَدْ ضَلَّ قَبْلَهُمْ أَكْثَرُ الْأَوَّلِينَ(71) Ва пеш аз онҳо бештар пешиниён гумроҳ шуданд. |
وَلَقَدْ أَرْسَلْنَا فِيهِم مُّنذِرِينَ(72) Ва Мо бимдиҳандагоне ба миёнашон фиристодем. |
فَانظُرْ كَيْفَ كَانَ عَاقِبَةُ الْمُنذَرِينَ(73) Пас бингар, ки саранҷоми он бимёфтагон чӣ гуна буд. |
إِلَّا عِبَادَ اللَّهِ الْمُخْلَصِينَ(74) Ғайри бандагони мухлиси Худо! |
وَلَقَدْ نَادَانَا نُوحٌ فَلَنِعْمَ الْمُجِيبُونَ(75) Нӯҳ Моро нидо кард ва Мо чӣ нек посухдиҳандае будем! |
وَنَجَّيْنَاهُ وَأَهْلَهُ مِنَ الْكَرْبِ الْعَظِيمِ(76) Ӯ ва касонашро аз андӯҳи бузург наҷот додем. |
وَجَعَلْنَا ذُرِّيَّتَهُ هُمُ الْبَاقِينَ(77) Ва фарзандонашро боқӣ гузоштем. |
وَتَرَكْنَا عَلَيْهِ فِي الْآخِرِينَ(78) Ва номи неки ӯро дар наслҳои баъд боқӣ ниҳодем. |
سَلَامٌ عَلَىٰ نُوحٍ فِي الْعَالَمِينَ(79) Салом бар Нӯҳ бод дар саросари ҷаҳон! |
إِنَّا كَذَٰلِكَ نَجْزِي الْمُحْسِنِينَ(80) Мо некӯкоронро чунин мукофот медиҳем. |
إِنَّهُ مِنْ عِبَادِنَا الْمُؤْمِنِينَ(81) Ӯ аз бандагони мӯъмини Мо буд. |
ثُمَّ أَغْرَقْنَا الْآخَرِينَ(82) Сипас дигаронро ғарқ сохтем. |
۞ وَإِنَّ مِن شِيعَتِهِ لَإِبْرَاهِيمَ(83) Иброҳим аз пайравони ӯ буд. |
إِذْ جَاءَ رَبَّهُ بِقَلْبٍ سَلِيمٍ(84) Он гоҳ ки бо диле холи аз шубҳа рӯй ба Парвардигораш овард. |
إِذْ قَالَ لِأَبِيهِ وَقَوْمِهِ مَاذَا تَعْبُدُونَ(85) Ба падараш ва қавмаш гуфт: «Чӣ мепарастед? |
أَئِفْكًا آلِهَةً دُونَ اللَّهِ تُرِيدُونَ(86) Оё ба ҷои Худои якто худоёни дурӯғинро мехоҳед? |
فَمَا ظَنُّكُم بِرَبِّ الْعَالَمِينَ(87) Ба Парвардигори ҷаҳониён чӣ гумон доред?» |
فَنَظَرَ نَظْرَةً فِي النُّجُومِ(88) Нигоҳе ба ситорагон кард |
فَقَالَ إِنِّي سَقِيمٌ(89) ва гуфт: «Ман беморам!» |
فَتَوَلَّوْا عَنْهُ مُدْبِرِينَ(90) Аз ӯ рӯйгардон шуданд ва бозгаштанд. |
فَرَاغَ إِلَىٰ آلِهَتِهِمْ فَقَالَ أَلَا تَأْكُلُونَ(91) Пинҳонӣ назди худоёнашон омад ва гуфт: «Чизе намехӯред? |
مَا لَكُمْ لَا تَنطِقُونَ(92) Чаро сухан намегӯед?» |
فَرَاغَ عَلَيْهِمْ ضَرْبًا بِالْيَمِينِ(93) Ва дар ниҳон дасте бақувват бар онҳо зад. |
فَأَقْبَلُوا إِلَيْهِ يَزِفُّونَ(94) Қавмаш шитобон наздаш омаданд. |
قَالَ أَتَعْبُدُونَ مَا تَنْحِتُونَ(95) Гуфт: «Оё чизҳоеро, ки худ метарошед, мепарастед? |
وَاللَّهُ خَلَقَكُمْ وَمَا تَعْمَلُونَ(96) Худои яктост, ки шумо ва ҳар чӣ месозед, офаридааст». |
قَالُوا ابْنُوا لَهُ بُنْيَانًا فَأَلْقُوهُ فِي الْجَحِيمِ(97) Гуфтанд: «Барояш биное оозед ва дар оташаш андозед». |
فَأَرَادُوا بِهِ كَيْدًا فَجَعَلْنَاهُمُ الْأَسْفَلِينَ(98) Хостанд то бадандешӣ кунанд, Мо низ онҳоро зердаст (хору мағлуб) гардонидем. |
وَقَالَ إِنِّي ذَاهِبٌ إِلَىٰ رَبِّي سَيَهْدِينِ(99) Гуфт: «Ман ба сӯи Парвардигорам меравам. Ӯ маро роҳнамоӣ хоҳад кард. |
رَبِّ هَبْ لِي مِنَ الصَّالِحِينَ(100) Эй Парвардигори ман, маро фарзанде солеҳ ато кун!» |
فَبَشَّرْنَاهُ بِغُلَامٍ حَلِيمٍ(101) Пас ӯро ба писаре бурдбор хушхабар додем. |
فَلَمَّا بَلَغَ مَعَهُ السَّعْيَ قَالَ يَا بُنَيَّ إِنِّي أَرَىٰ فِي الْمَنَامِ أَنِّي أَذْبَحُكَ فَانظُرْ مَاذَا تَرَىٰ ۚ قَالَ يَا أَبَتِ افْعَلْ مَا تُؤْمَرُ ۖ سَتَجِدُنِي إِن شَاءَ اللَّهُ مِنَ الصَّابِرِينَ(102) Чун бо падар ба ҷое расид, ки бояд ба кор сар кунанд, гуфт: «Эй писаракам, дар хоб дидаам, ки туро забҳ мекунам. Бингар, ки чӣ меандешӣ». Гуфт: «Эй падар, ба ҳар чӣ фармон шудаӣ, амал кун, ки агар Худо бихоҳад, маро аз собирон (сабркунандагон) хоҳӣ ёфт». |
فَلَمَّا أَسْلَمَا وَتَلَّهُ لِلْجَبِينِ(103) Чун ҳар ду таслим шуданд ва ӯро ба пешонӣ хобонид, |
وَنَادَيْنَاهُ أَن يَا إِبْرَاهِيمُ(104) Мо нидояш додем: «Эй Иброҳим, |
قَدْ صَدَّقْتَ الرُّؤْيَا ۚ إِنَّا كَذَٰلِكَ نَجْزِي الْمُحْسِنِينَ(105) хобатро ба ҳақиқат паивастӣ», Ва Мо некӯкоронро чунин мукофот медиҳем. |
إِنَّ هَٰذَا لَهُوَ الْبَلَاءُ الْمُبِينُ(106) Ин озмоише ошкор буд. |
وَفَدَيْنَاهُ بِذِبْحٍ عَظِيمٍ(107) Ва ӯро ба забҳе бузург бозхаридем |
وَتَرَكْنَا عَلَيْهِ فِي الْآخِرِينَ(108) Ва номи неки ӯро дар наслҳои баъд боқӣ гузоштем. |
سَلَامٌ عَلَىٰ إِبْرَاهِيمَ(109) Салом бар Иброҳим! |
كَذَٰلِكَ نَجْزِي الْمُحْسِنِينَ(110) Мо некӯкоронро инчунин мукофот медиҳем! |
إِنَّهُ مِنْ عِبَادِنَا الْمُؤْمِنِينَ(111) Ӯ аз бандагони мӯъмини Мо буд. |
وَبَشَّرْنَاهُ بِإِسْحَاقَ نَبِيًّا مِّنَ الصَّالِحِينَ(112) Ӯро ба Исҳок — паёмбаре шоиста мужда додем. |
وَبَارَكْنَا عَلَيْهِ وَعَلَىٰ إِسْحَاقَ ۚ وَمِن ذُرِّيَّتِهِمَا مُحْسِنٌ وَظَالِمٌ لِّنَفْسِهِ مُبِينٌ(113) Ӯ на Исҳоқро баракат додем. Ва аз фарзандонашон баъзе некӯкор ҳастанд ва баъзе ба ошкоро бар худ ситамкор. |
وَلَقَدْ مَنَنَّا عَلَىٰ مُوسَىٰ وَهَارُونَ(114) Мо ба Мӯсо ва Ҳорун неъмат додем. |
وَنَجَّيْنَاهُمَا وَقَوْمَهُمَا مِنَ الْكَرْبِ الْعَظِيمِ(115) Он ду ва мардумашонро аз ранҷе бузург наҷот бахшидем. |
وَنَصَرْنَاهُمْ فَكَانُوا هُمُ الْغَالِبِينَ(116) Ононро ёрӣ додем, то ғолиб шуданд. |
وَآتَيْنَاهُمَا الْكِتَابَ الْمُسْتَبِينَ(117) Ва китобе равшангарашон додем. |
وَهَدَيْنَاهُمَا الصِّرَاطَ الْمُسْتَقِيمَ(118) Ва ба роҳи рост ҳидояташон кардем. |
وَتَرَكْنَا عَلَيْهِمَا فِي الْآخِرِينَ(119) Ва номи некашонро дар наслҳои баъд боқӣ гузоштем. |
سَلَامٌ عَلَىٰ مُوسَىٰ وَهَارُونَ(120) Салом бар Мӯсо ва Ҳорун! |
إِنَّا كَذَٰلِكَ نَجْزِي الْمُحْسِنِينَ(121) Мо некӯкоронро инчунин мукофот медиҳем! |
إِنَّهُمَا مِنْ عِبَادِنَا الْمُؤْمِنِينَ(122) Он ду аз бандагони мӯъмини Мо буданд. |
وَإِنَّ إِلْيَاسَ لَمِنَ الْمُرْسَلِينَ(123) Ва Илёс аз паёмбарон буд. |
إِذْ قَالَ لِقَوْمِهِ أَلَا تَتَّقُونَ(124) Ба мардуми худ гуфт: «Оё аз Худо наметарсед? |
أَتَدْعُونَ بَعْلًا وَتَذَرُونَ أَحْسَنَ الْخَالِقِينَ(125) Оё Баълро ба худои мехонед ва Он беҳтарини офаринандагонро тарк мекунед? |
اللَّهَ رَبَّكُمْ وَرَبَّ آبَائِكُمُ الْأَوَّلِينَ(126) Парварднгори шумо ва Парвардигори падаронатон Худои яктост». |
فَكَذَّبُوهُ فَإِنَّهُمْ لَمُحْضَرُونَ(127) Пас дурӯғаш бароварданд ва онон аз ҳозиркардагонанд, (дар азоб) |
إِلَّا عِبَادَ اللَّهِ الْمُخْلَصِينَ(128) Ғайри бандагони мухлиси Худо! |
وَتَرَكْنَا عَلَيْهِ فِي الْآخِرِينَ(129) Ва номи неки ӯро дар наслҳои баъд боқӣ гузоштем. |
سَلَامٌ عَلَىٰ إِلْ يَاسِينَ(130) Салом бар хонадони Илёс! |
إِنَّا كَذَٰلِكَ نَجْزِي الْمُحْسِنِينَ(131) Мо некӯкоронро инчунин подош (мукофот) медиҳем! |
إِنَّهُ مِنْ عِبَادِنَا الْمُؤْمِنِينَ(132) Ӯ аз бандагони мӯъмини Мо буд. |
وَإِنَّ لُوطًا لَّمِنَ الْمُرْسَلِينَ(133) Ва Лут аз паёмбарон буд. |
إِذْ نَجَّيْنَاهُ وَأَهْلَهُ أَجْمَعِينَ(134) Ӯ ва ҳамаи касонашро наҷот додем. |
إِلَّا عَجُوزًا فِي الْغَابِرِينَ(135) Ғайри пиразане, ки бо мардуми шаҳр бимонд. |
ثُمَّ دَمَّرْنَا الْآخَرِينَ(136) Сипас дигаронро ҳалок кардем. |
وَإِنَّكُمْ لَتَمُرُّونَ عَلَيْهِم مُّصْبِحِينَ(137) Шумо бар (маскани) онҳо мегузаред бомдодон |
وَبِاللَّيْلِ ۗ أَفَلَا تَعْقِلُونَ(138) ва шомгоҳон. Оё ақл намекунед? |
وَإِنَّ يُونُسَ لَمِنَ الْمُرْسَلِينَ(139) Ва Юнус аз паёмбарон буд. |
إِذْ أَبَقَ إِلَى الْفُلْكِ الْمَشْحُونِ(140) Чун ба он киштии пур аз мардум гурехт, |
فَسَاهَمَ فَكَانَ مِنَ الْمُدْحَضِينَ(141) қуръа заданд ва ӯ дар қуръа мағлуб шуд. |
فَالْتَقَمَهُ الْحُوتُ وَهُوَ مُلِيمٌ(142) Моҳӣ фурӯ бурдаш ва ӯ лоиқи сарзаниш буд. |
فَلَوْلَا أَنَّهُ كَانَ مِنَ الْمُسَبِّحِينَ(143) Пас агар аз тасбеҳ гуён намебуд, |
لَلَبِثَ فِي بَطْنِهِ إِلَىٰ يَوْمِ يُبْعَثُونَ(144) то рӯзи қиёмат дар шиками моҳӣ мемонд. |
۞ فَنَبَذْنَاهُ بِالْعَرَاءِ وَهُوَ سَقِيمٌ(145) Пас ӯро, ки бемор буд, ба хушкӣ афкандем. |
وَأَنبَتْنَا عَلَيْهِ شَجَرَةً مِّن يَقْطِينٍ(146) Ва бар болои сараш бӯтаи кадуе рӯёнидем. |
وَأَرْسَلْنَاهُ إِلَىٰ مِائَةِ أَلْفٍ أَوْ يَزِيدُونَ(147) Ва ӯро ба пайғамбарӣ бар сад ҳазор кас ва бештар фиристодем. |
فَآمَنُوا فَمَتَّعْنَاهُمْ إِلَىٰ حِينٍ(148) Онҳо имон оварданд ва то зинда буданд, бархурдорияшон додем. |
فَاسْتَفْتِهِمْ أَلِرَبِّكَ الْبَنَاتُ وَلَهُمُ الْبَنُونَ(149) Аз онҳо бипурс; «Оё духтарон аз они Парвардигори ту бошанд ва писарон аз они онҳо?» |
أَمْ خَلَقْنَا الْمَلَائِكَةَ إِنَاثًا وَهُمْ شَاهِدُونَ(150) Оё вақте ки Мо малоикаро зан меофаридем, онҳо медиданд? |
أَلَا إِنَّهُم مِّنْ إِفْكِهِمْ لَيَقُولُونَ(151) Огоҳ бош, ки аз дурӯғгӯияшон аст, ки мегӯянд: |
وَلَدَ اللَّهُ وَإِنَّهُمْ لَكَاذِبُونَ(152) «Худо соҳиби фарзанд аст». Дурӯғ мегӯянд. |
أَصْطَفَى الْبَنَاتِ عَلَى الْبَنِينَ(153) Оё Худо духтаронро бар писарон бартарӣ дод? |
مَا لَكُمْ كَيْفَ تَحْكُمُونَ(154) Шуморо чӣ мешавад? Чӣ гуна ҳукм мекунед? |
أَفَلَا تَذَكَّرُونَ(155) Оё намеандешед? |
أَمْ لَكُمْ سُلْطَانٌ مُّبِينٌ(156) Ё бар даъвои худ далели равшане доред? |
فَأْتُوا بِكِتَابِكُمْ إِن كُنتُمْ صَادِقِينَ(157) Агар рост мегӯед, китобатонро биёваред. |
وَجَعَلُوا بَيْنَهُ وَبَيْنَ الْجِنَّةِ نَسَبًا ۚ وَلَقَدْ عَلِمَتِ الْجِنَّةُ إِنَّهُمْ لَمُحْضَرُونَ(158) Ва миёни Худову ҷинниён хешовандӣ қоил шуданд ва ҷинниён медонанд, ки ҳозиркардашудагонанд. (дар азоб). |
سُبْحَانَ اللَّهِ عَمَّا يَصِفُونَ(159) Аз он сифат, ки меоварданд, Худо пок аст, |
إِلَّا عِبَادَ اللَّهِ الْمُخْلَصِينَ(160) ғайри бандагони мухлиси Худо! |
فَإِنَّكُمْ وَمَا تَعْبُدُونَ(161) Шумо ва бутоне, ки мепарастед, |
مَا أَنتُمْ عَلَيْهِ بِفَاتِنِينَ(162) натавонистед гумроҳ кунед, |
إِلَّا مَنْ هُوَ صَالِ الْجَحِيمِ(163) магар он касро, ки роҳии ҷаҳаннам бошад. |
وَمَا مِنَّا إِلَّا لَهُ مَقَامٌ مَّعْلُومٌ(164) «Ва ҳар кас аз мо ҷое муъайян дорад. |
وَإِنَّا لَنَحْنُ الصَّافُّونَ(165) Албатта мо сафзадагонем. |
وَإِنَّا لَنَحْنُ الْمُسَبِّحُونَ(166) Ва албатта мо тасбеҳгӯяндагонем». |
وَإِن كَانُوا لَيَقُولُونَ(167) Агарчи мегуфтанд: |
لَوْ أَنَّ عِندَنَا ذِكْرًا مِّنَ الْأَوَّلِينَ(168) «Агар аз пешиниён назди мо китобе монда буд, |
لَكُنَّا عِبَادَ اللَّهِ الْمُخْلَصِينَ(169) мо аз бандагони мухлиси Худо мебудем». |
فَكَفَرُوا بِهِ ۖ فَسَوْفَ يَعْلَمُونَ(170) Онҳо ба он китоб кофир шуданд ва ба зуди, ки хоҳанд фаҳмид. |
وَلَقَدْ سَبَقَتْ كَلِمَتُنَا لِعِبَادِنَا الْمُرْسَلِينَ(171) Мо дар бораи бандагонамон, ки ба пайғамбарӣ мефиристем, аз пеш тасмим гирифтаем, |
إِنَّهُمْ لَهُمُ الْمَنصُورُونَ(172) ки албатта онон ёрӣ мешаванд. |
وَإِنَّ جُندَنَا لَهُمُ الْغَالِبُونَ(173) Ва лашкари Мо худ ғолибанд. |
فَتَوَلَّ عَنْهُمْ حَتَّىٰ حِينٍ(174) Пас то муддате аз онҳо рӯй бигардон. |
وَأَبْصِرْهُمْ فَسَوْفَ يُبْصِرُونَ(175) Оқибаташонро бубин, онҳо низ хоҳанд дид. |
أَفَبِعَذَابِنَا يَسْتَعْجِلُونَ(176) Оё азоби Моро ба шитоб металабанд? |
فَإِذَا نَزَلَ بِسَاحَتِهِمْ فَسَاءَ صَبَاحُ الْمُنذَرِينَ(177) Чун азоб ба майдонашон фарояд, ин бимдодашудагон чӣ бомдоди баде хоҳанд дошт. |
وَتَوَلَّ عَنْهُمْ حَتَّىٰ حِينٍ(178) Аз онҳо то чанде рӯй бигардон. |
وَأَبْصِرْ فَسَوْفَ يُبْصِرُونَ(179) Пас оқибаташонро бубин, онҳо низ хоҳанд дид. |
سُبْحَانَ رَبِّكَ رَبِّ الْعِزَّةِ عَمَّا يَصِفُونَ(180) Муназзаҳ (покаст) аст Парвардигори ту — он Парвардигори пирӯзманд — аз ҳар чӣ ба васфи Ӯ мегӯянд! |
وَسَلَامٌ عَلَى الْمُرْسَلِينَ(181) Ва салом бар паёмбарон! |
وَالْحَمْدُ لِلَّهِ رَبِّ الْعَالَمِينَ(182) Ва ҳамд аз они Парвардигори ҷаҳониён аст! |
المزيد من السور باللغة الطاجيكية:
تحميل سورة الصافات بصوت أشهر القراء :
قم باختيار القارئ للاستماع و تحميل سورة الصافات كاملة بجودة عالية
أحمد العجمي
خالد الجليل
سعد الغامدي
سعود الشريم
عبد الباسط
عبد الله الجهني
علي الحذيفي
فارس عباد
ماهر المعيقلي
محمد جبريل
المنشاوي
الحصري
مشاري العفاسي
ناصر القطامي
ياسر الدوسري
Sunday, December 22, 2024
لا تنسنا من دعوة صالحة بظهر الغيب