سوره شعراء به زبان تاجیکی
طسم(1) То, син, мим. |
تِلْكَ آيَاتُ الْكِتَابِ الْمُبِينِ(2) Инҳост оёти ин китоби равшан(-у фаҳмо) |
لَعَلَّكَ بَاخِعٌ نَّفْسَكَ أَلَّا يَكُونُوا مُؤْمِنِينَ(3) Шояд аз ин, ки имон намеоваранд, худро ҳалок созӣ. |
إِن نَّشَأْ نُنَزِّلْ عَلَيْهِم مِّنَ السَّمَاءِ آيَةً فَظَلَّتْ أَعْنَاقُهُمْ لَهَا خَاضِعِينَ(4) Агар бихоҳем, аз осмон барояшон мӯъҷизае нозил мекунем, ки дар баробари он ба фармонбарӣ сар фуруд оваранд. |
وَمَا يَأْتِيهِم مِّن ذِكْرٍ مِّنَ الرَّحْمَٰنِ مُحْدَثٍ إِلَّا كَانُوا عَنْهُ مُعْرِضِينَ(5) Барояшон ҳар сухани тозае аз Худои раҳмон нозил шавад, албатта аз он рӯгардонӣ мекунанд. |
فَقَدْ كَذَّبُوا فَسَيَأْتِيهِمْ أَنبَاءُ مَا كَانُوا بِهِ يَسْتَهْزِئُونَ(6) Пас дурӯғ бароварданд. Ба зуди хабари он чизҳое, ки масхарааш мекарданд, ба онҳо бирасад. |
أَوَلَمْ يَرَوْا إِلَى الْأَرْضِ كَمْ أَنبَتْنَا فِيهَا مِن كُلِّ زَوْجٍ كَرِيمٍ(7) Оё ба замин нанигаристаанд, ки чӣ қадар аз ҳар гуна гиёҳони некӯ дар он рӯёнидаем. |
إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَآيَةً ۖ وَمَا كَانَ أَكْثَرُهُم مُّؤْمِنِينَ(8) Дар ин ибратест, вале бештарашон мӯъмин набудаанд. |
وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ الْعَزِيزُ الرَّحِيمُ(9) Ба ростӣ Парвардигори ту пирӯзманду меҳрубон аст! |
وَإِذْ نَادَىٰ رَبُّكَ مُوسَىٰ أَنِ ائْتِ الْقَوْمَ الظَّالِمِينَ(10) Ва Парвардигорат Мӯсоро нидо до, д, ки: эй Мӯсо, ба сӯи он мардуми ситамгор бирав: |
قَوْمَ فِرْعَوْنَ ۚ أَلَا يَتَّقُونَ(11) қавми Фиръавн. Оё намехоҳанд парҳезгор шаванд? |
قَالَ رَبِّ إِنِّي أَخَافُ أَن يُكَذِّبُونِ(12) Гуфт: «Эй Парвардигори ман, метарсам, ки дурӯғгӯям хонанд. |
وَيَضِيقُ صَدْرِي وَلَا يَنطَلِقُ لِسَانِي فَأَرْسِلْ إِلَىٰ هَارُونَ(13) Ва дили ман танг гардад ва забонам кушода нашавад. Ҳорунро пайғамбарӣ деҳ! |
وَلَهُمْ عَلَيَّ ذَنبٌ فَأَخَافُ أَن يَقْتُلُونِ(14) Ва бар ман ба гуноҳе даъвое доранд, метарсам, ки маро бикушанд». |
قَالَ كَلَّا ۖ فَاذْهَبَا بِآيَاتِنَا ۖ إِنَّا مَعَكُم مُّسْتَمِعُونَ(15) Гуфт: «Ҳаргиз, оёти Маро ҳар ду назди онҳо бибаред, Мо низ бо шумо ҳастем ва гӯшкунандаем. |
فَأْتِيَا فِرْعَوْنَ فَقُولَا إِنَّا رَسُولُ رَبِّ الْعَالَمِينَ(16) Пас назди Фиръавн равед ва бигӯед: «Мо расули Парвардигори ҷаҳониён ҳастем, |
أَنْ أَرْسِلْ مَعَنَا بَنِي إِسْرَائِيلَ(17) ки банӣ-Исроилро бо мо бифиристӣ». |
قَالَ أَلَمْ نُرَبِّكَ فِينَا وَلِيدًا وَلَبِثْتَ فِينَا مِنْ عُمُرِكَ سِنِينَ(18) Гуфт: «Оё ба ҳангоми кӯдакӣ назди худ парваришат надодем ва ту чанд сол аз умратро дар миёни мо нагузаронидӣ? |
وَفَعَلْتَ فَعْلَتَكَ الَّتِي فَعَلْتَ وَأَنتَ مِنَ الْكَافِرِينَ(19) Ва он корро, ки аз ту оар зад, накардаӣ? Пас ту кофири неъматӣ». |
قَالَ فَعَلْتُهَا إِذًا وَأَنَا مِنَ الضَّالِّينَ(20) Гуфт: «Он вақт, ки чунон кардам, аз хатокорон будам. |
فَفَرَرْتُ مِنكُمْ لَمَّا خِفْتُكُمْ فَوَهَبَ لِي رَبِّي حُكْمًا وَجَعَلَنِي مِنَ الْمُرْسَلِينَ(21) Ва чун аз шумо тарсидам, гурехтам. Вале Парвардигори мам ба ман паёмбарӣ дод ва маро дар шумори паёмбарон овард. |
وَتِلْكَ نِعْمَةٌ تَمُنُّهَا عَلَيَّ أَنْ عَبَّدتَّ بَنِي إِسْرَائِيلَ(22) Ва миннати ин неъматро бар ман мекунӣ, ки банӣ-Исроилро ғулом сохтаӣ?» |
قَالَ فِرْعَوْنُ وَمَا رَبُّ الْعَالَمِينَ(23) Фиръавн гуфт: «Парвардигори ҷаҳониён чист?» |
قَالَ رَبُّ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَمَا بَيْنَهُمَا ۖ إِن كُنتُم مُّوقِنِينَ(24) Гуфт: «Агар ба яқин мепазиред, Парвардигори осмонҳову замин ва ҳар чӣ миёни онҳост», |
قَالَ لِمَنْ حَوْلَهُ أَلَا تَسْتَمِعُونَ(25) Ба онон, ки дар атрофаш буданд, гуфт: «Оё нашунидед?» |
قَالَ رَبُّكُمْ وَرَبُّ آبَائِكُمُ الْأَوَّلِينَ(26) Гуфт; «Парвардпгори шумо ва Парвардигори падарони аввалини шумо». |
قَالَ إِنَّ رَسُولَكُمُ الَّذِي أُرْسِلَ إِلَيْكُمْ لَمَجْنُونٌ(27) Фиръазн гуфт: «Ин паёмбаре, ки бар шумо фиристода шуда, девона аст». |
قَالَ رَبُّ الْمَشْرِقِ وَالْمَغْرِبِ وَمَا بَيْنَهُمَا ۖ إِن كُنتُمْ تَعْقِلُونَ(28) Гуфт: «Ӯст Парвардигори машрику мағриб ва ҳар чӣ миёни он дӯст, агар ақл кунед». |
قَالَ لَئِنِ اتَّخَذْتَ إِلَٰهًا غَيْرِي لَأَجْعَلَنَّكَ مِنَ الْمَسْجُونِينَ(29) Фиръавн гуфт: «Агар ба ҷои ман каси дигареро ба худои гири, ба зиндонат меафканам». |
قَالَ أَوَلَوْ جِئْتُكَ بِشَيْءٍ مُّبِينٍ(30) Гуфт: «Ҳатто агар мӯъҷизае равшан барои ту оварда бошам?» |
قَالَ فَأْتِ بِهِ إِن كُنتَ مِنَ الصَّادِقِينَ(31) Гуфт; Агар рост мегӯӣ, онро биёвар». |
فَأَلْقَىٰ عَصَاهُ فَإِذَا هِيَ ثُعْبَانٌ مُّبِينٌ(32) Асояшро партофт. Ба ошкоро аждаҳое шуд. |
وَنَزَعَ يَدَهُ فَإِذَا هِيَ بَيْضَاءُ لِلنَّاظِرِينَ(33) Ва дасташро берун овард. Дар назари бинандагон сафед менамуд. |
قَالَ لِلْمَلَإِ حَوْلَهُ إِنَّ هَٰذَا لَسَاحِرٌ عَلِيمٌ(34) Ба бузургони қавмаш, ки канораш буданд, гуфт: «Ин мард ҷодугаре доност. |
يُرِيدُ أَن يُخْرِجَكُم مِّنْ أَرْضِكُم بِسِحْرِهِ فَمَاذَا تَأْمُرُونَ(35) Мехоҳад ба ҷодуи. худ шуморо аз сарзаминатон берун кунад. Чӣ раъй медиҳед?» |
قَالُوا أَرْجِهْ وَأَخَاهُ وَابْعَثْ فِي الْمَدَائِنِ حَاشِرِينَ(36) Гуфтанд: «Аз ӯ ва ба бародараш мӯҳлат бихоҳ ва касон ба шаҳрҳо бифирист, |
يَأْتُوكَ بِكُلِّ سَحَّارٍ عَلِيمٍ(37) то ҳар ҷодугари доноеро, ки ҳаёт, назди ту биёранд». |
فَجُمِعَ السَّحَرَةُ لِمِيقَاتِ يَوْمٍ مَّعْلُومٍ(38) Ҷодугаронро дар рӯзе муъайян ба ваъдагоҳ оварданд. |
وَقِيلَ لِلنَّاسِ هَلْ أَنتُم مُّجْتَمِعُونَ(39) Ва мардумро гуфтанд: «Оё шумо низ ҷамъ меоед? |
لَعَلَّنَا نَتَّبِعُ السَّحَرَةَ إِن كَانُوا هُمُ الْغَالِبِينَ(40) То агар ҷодугарон пирӯз омаданд, ҳама ба онҳо пайравӣ кунем!» |
فَلَمَّا جَاءَ السَّحَرَةُ قَالُوا لِفِرْعَوْنَ أَئِنَّ لَنَا لَأَجْرًا إِن كُنَّا نَحْنُ الْغَالِبِينَ(41) Чун ҷодугарон омаданд, ба Фиръавн гуфтанд: «Оё агар мо пирӯз шавем, моро музде хоҳад буд?» |
قَالَ نَعَمْ وَإِنَّكُمْ إِذًا لَّمِنَ الْمُقَرَّبِينَ(42) Гуфт: «Оре, ҳама аз наздиконам хоҳед буд». |
قَالَ لَهُم مُّوسَىٰ أَلْقُوا مَا أَنتُم مُّلْقُونَ(43) Мӯсо ба онҳо гуфт: «Ҳар чӣ мехоҳед, партофтан, бипартоед!» |
فَأَلْقَوْا حِبَالَهُمْ وَعِصِيَّهُمْ وَقَالُوا بِعِزَّةِ فِرْعَوْنَ إِنَّا لَنَحْنُ الْغَالِبُونَ(44) Онон ресмонҳову чубҳои худ бияфканданд ва гуфтанд: «Ба иззати Фиръавн, ки мо пирӯз шудем!» |
فَأَلْقَىٰ مُوسَىٰ عَصَاهُ فَإِذَا هِيَ تَلْقَفُ مَا يَأْفِكُونَ(45) Ва Мӯсо асояшро партофт. Ногоҳ ҳамаи он дурӯғҳоеро, ки сохта буданд, фурӯ бурд. |
فَأُلْقِيَ السَّحَرَةُ سَاجِدِينَ(46) Ҷодугарон ба саҷда афтоданд. |
قَالُوا آمَنَّا بِرَبِّ الْعَالَمِينَ(47) Гуфтанд: «Ба Парвардигори ҷаҳониён имон овардем, |
رَبِّ مُوسَىٰ وَهَارُونَ(48) Парвардигори Мӯсо ва Ҳорун!» |
قَالَ آمَنتُمْ لَهُ قَبْلَ أَنْ آذَنَ لَكُمْ ۖ إِنَّهُ لَكَبِيرُكُمُ الَّذِي عَلَّمَكُمُ السِّحْرَ فَلَسَوْفَ تَعْلَمُونَ ۚ لَأُقَطِّعَنَّ أَيْدِيَكُمْ وَأَرْجُلَكُم مِّنْ خِلَافٍ وَلَأُصَلِّبَنَّكُمْ أَجْمَعِينَ(49) Гуфт: «Оё пеш аз он, ки шуморо рухсат диҳам, имон овардед? Албатта он мард бузурги шумост, ки шуморо ҷоду омӯхтааст. Хоҳед дид. Акнун дастҳову поҳоятонро аз чапу рост хоҳам бурид ва ҳамаатонро бар дор хоҳам кард!» |
قَالُوا لَا ضَيْرَ ۖ إِنَّا إِلَىٰ رَبِّنَا مُنقَلِبُونَ(50) Гуфтанд: «Боке нест, мо назди Парвардигорамон бозмегардем. |
إِنَّا نَطْمَعُ أَن يَغْفِرَ لَنَا رَبُّنَا خَطَايَانَا أَن كُنَّا أَوَّلَ الْمُؤْمِنِينَ(51) Мо умед медорем, ки Парвардигорамон хатоҳои моро бубахшад, ки мо нахустин касоне ҳастем, ки имон овардем». |
۞ وَأَوْحَيْنَا إِلَىٰ مُوسَىٰ أَنْ أَسْرِ بِعِبَادِي إِنَّكُم مُّتَّبَعُونَ(52) Ва ба Мӯсо ваҳй кардем, ки шабҳангом бандагони Маро берун бибар, ки аз паи шумо биёянд. |
فَأَرْسَلَ فِرْعَوْنُ فِي الْمَدَائِنِ حَاشِرِينَ(53) Ва Фиръавн ҷамъоварандагони сипоҳро ба шаҳрҳо фиристод. |
إِنَّ هَٰؤُلَاءِ لَشِرْذِمَةٌ قَلِيلُونَ(54) ки инҳо гурӯҳе андаканд |
وَإِنَّهُمْ لَنَا لَغَائِظُونَ(55) ва моро ба хашм овардаанд |
وَإِنَّا لَجَمِيعٌ حَاذِرُونَ(56) ва мо ҳамагӣ омодаи ҷангем. |
فَأَخْرَجْنَاهُم مِّن جَنَّاتٍ وَعُيُونٍ(57) Пас онҳоро аз борҳову чашмасорҳо берун кардем |
وَكُنُوزٍ وَمَقَامٍ كَرِيمٍ(58) ва аз ганҷҳову хонаҳои некӯ, |
كَذَٰلِكَ وَأَوْرَثْنَاهَا بَنِي إِسْرَائِيلَ(59) ба ин тарз ҳамаро ба банӣ-Исроил вогузоштем |
فَأَتْبَعُوهُم مُّشْرِقِينَ(60) Фиръавниён ба ҳангоми баромадани офтоб аз паи онҳо рафтанд. |
فَلَمَّا تَرَاءَى الْجَمْعَانِ قَالَ أَصْحَابُ مُوسَىٰ إِنَّا لَمُدْرَكُونَ(61) Чун он ду гурӯҳ якдигарро диданд, ёрони Мӯсо гуфтанд: «Гирифтор омадем!» |
قَالَ كَلَّا ۖ إِنَّ مَعِيَ رَبِّي سَيَهْدِينِ(62) Гуфт: «Ҳаргиз, Парвардигори ман бо ман аст ва маро роҳ хоҳад нишон дод». |
فَأَوْحَيْنَا إِلَىٰ مُوسَىٰ أَنِ اضْرِب بِّعَصَاكَ الْبَحْرَ ۖ فَانفَلَقَ فَكَانَ كُلُّ فِرْقٍ كَالطَّوْدِ الْعَظِيمِ(63) Пас ба Мӯсо ваҳй кардем, ки асоятро ба дарё бизан. Дарё бишикофт ва ҳар пора чун кӯҳе азим гашт. |
وَأَزْلَفْنَا ثَمَّ الْآخَرِينَ(64) Ва он гурӯҳи дигарро низ ба дарё расонидем. |
وَأَنجَيْنَا مُوسَىٰ وَمَن مَّعَهُ أَجْمَعِينَ(65) Мӯсо ва ҳамаи ҳамроҳонашро наҷот додем. |
ثُمَّ أَغْرَقْنَا الْآخَرِينَ(66) Ва он дигаронро ғарк сохтем. |
إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَآيَةً ۖ وَمَا كَانَ أَكْثَرُهُم مُّؤْمِنِينَ(67) Албатта дар ин ибратест ва бештаринашон имон наоварданд! |
وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ الْعَزِيزُ الرَّحِيمُ(68) Албатта Парвардигори ту пирӯзманду бахшанда аст! |
وَاتْلُ عَلَيْهِمْ نَبَأَ إِبْرَاهِيمَ(69) Ва достони Иброҳимро барояшон тиловат кун! |
إِذْ قَالَ لِأَبِيهِ وَقَوْمِهِ مَا تَعْبُدُونَ(70) Он гоҳ ки ба падару қавми худ гуфт: «Чӣ мепарастед?» |
قَالُوا نَعْبُدُ أَصْنَامًا فَنَظَلُّ لَهَا عَاكِفِينَ(71) Гуфтачкд: «Бутонеро мепарастем ва муқими остонашон ҳастем». |
قَالَ هَلْ يَسْمَعُونَكُمْ إِذْ تَدْعُونَ(72) Гуфт: «Оё вақте онҳоро мехонед, садоятонро мешунаванд? |
أَوْ يَنفَعُونَكُمْ أَوْ يَضُرُّونَ(73) Ё барои шумо фоидаву зиёне доранд?» |
قَالُوا بَلْ وَجَدْنَا آبَاءَنَا كَذَٰلِكَ يَفْعَلُونَ(74) Гуфтанд: «На, падаронамонро дидаем, ки чунин мекардаанд». |
قَالَ أَفَرَأَيْتُم مَّا كُنتُمْ تَعْبُدُونَ(75) Гуфт: Оё медонед, ки чӣ мепарастидаед |
أَنتُمْ وَآبَاؤُكُمُ الْأَقْدَمُونَ(76) шумо ва падаронатон? |
فَإِنَّهُمْ عَدُوٌّ لِّي إِلَّا رَبَّ الْعَالَمِينَ(77) Онҳо душманони мананд, вале Парвардигори ҷаҳониён дӯсти ман аст. |
الَّذِي خَلَقَنِي فَهُوَ يَهْدِينِ(78) Он, ки маро биёфарида, сипас роҳнамоиям мекунад |
وَالَّذِي هُوَ يُطْعِمُنِي وَيَسْقِينِ(79) ва он, ки ба ман таъом медиҳад ва маро об медиҳад. |
وَإِذَا مَرِضْتُ فَهُوَ يَشْفِينِ(80) ва чун бемор шавам, шифоям мебахшад |
وَالَّذِي يُمِيتُنِي ثُمَّ يُحْيِينِ(81) ва он, ки маро мемиронад ва сипас зинда мекунад |
وَالَّذِي أَطْمَعُ أَن يَغْفِرَ لِي خَطِيئَتِي يَوْمَ الدِّينِ(82) ва он, ки умед медорам, ки дар рӯзи қиёмат хатоямро бибахшояд. |
رَبِّ هَبْ لِي حُكْمًا وَأَلْحِقْنِي بِالصَّالِحِينَ(83) Эй Парвардигори ман, маро ҳикмат бахш ва маро ба шоистагон бипайванд. |
وَاجْعَل لِّي لِسَانَ صِدْقٍ فِي الْآخِرِينَ(84) Ва зикри неки маро дар даҳони ояндагон андоз |
وَاجْعَلْنِي مِن وَرَثَةِ جَنَّةِ النَّعِيمِ(85) ва маро аз ворисони биҳишти пурнеъмат қарор деҳ |
وَاغْفِرْ لِأَبِي إِنَّهُ كَانَ مِنَ الضَّالِّينَ(86) ва падарамро биёмурз, ки аз гумроҳон аст |
وَلَا تُخْزِنِي يَوْمَ يُبْعَثُونَ(87) ва дар рӯзи қиёмат маро расво масоз, |
يَوْمَ لَا يَنفَعُ مَالٌ وَلَا بَنُونَ(88) рӯзе, ки на мол нафъ медиҳад ва на фарзандон, |
إِلَّا مَنْ أَتَى اللَّهَ بِقَلْبٍ سَلِيمٍ(89) ғайри он кас, ки бо қалбе покиза аз ширк ба назди Худо биёяд!» |
وَأُزْلِفَتِ الْجَنَّةُ لِلْمُتَّقِينَ(90) Ва биҳиштро барои парҳезгорон наздик оранд. |
وَبُرِّزَتِ الْجَحِيمُ لِلْغَاوِينَ(91) Ва ҷаҳаннамро дар назари кофирон ошкор кунанд. |
وَقِيلَ لَهُمْ أَيْنَ مَا كُنتُمْ تَعْبُدُونَ(92) Ба онҳо гӯянд: Чизҳое, ки ба ҷои Худои якто мепарастидед, куҷоянд? |
مِن دُونِ اللَّهِ هَلْ يَنصُرُونَكُمْ أَوْ يَنتَصِرُونَ(93) Оё ёриатон мекунанд, ё худ ёрӣ меҷӯянд?» |
فَكُبْكِبُوا فِيهَا هُمْ وَالْغَاوُونَ(94) Онҳо ва кофиронро сармагун дар ҷаҳаннам андозанд |
وَجُنُودُ إِبْلِيسَ أَجْمَعُونَ(95) ва ҳамаи лашкари Иблисро. |
قَالُوا وَهُمْ فِيهَا يَخْتَصِمُونَ(96) Ва дар ҳоле, ки дар ҷаҳаннам бо якдигар ҳусумат мекунанду, мегӯянд: |
تَاللَّهِ إِن كُنَّا لَفِي ضَلَالٍ مُّبِينٍ(97) «Ба Худо савганд, ки мо дар гумроҳии ошкор будем, |
إِذْ نُسَوِّيكُم بِرَبِّ الْعَالَمِينَ(98) он гоҳ ки шуморо бо Парвардигори ҷаҳониён баробар медонистем. |
وَمَا أَضَلَّنَا إِلَّا الْمُجْرِمُونَ(99) Ва моро бадкорон гумроҳ сохтанд |
فَمَا لَنَا مِن شَافِعِينَ(100) ва акнун моро шафеъоне (халоскунандаҳое) нест |
وَلَا صَدِيقٍ حَمِيمٍ(101) ва моро дӯсти меҳрубоне нест. |
فَلَوْ أَنَّ لَنَا كَرَّةً فَنَكُونَ مِنَ الْمُؤْمِنِينَ(102) Кош бори дигар ба дунё бозгардем, то аз мӯъминон гардем». |
إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَآيَةً ۖ وَمَا كَانَ أَكْثَرُهُم مُّؤْمِنِينَ(103) Дар ин ибратест ва бештаринашон имон наёварданд. |
وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ الْعَزِيزُ الرَّحِيمُ(104) Албатта Парвардигори ту ғолибу меҳрубон аст! |
كَذَّبَتْ قَوْمُ نُوحٍ الْمُرْسَلِينَ(105) Қавми Нӯҳ паёмбаронро дурӯғ барозарданд. |
إِذْ قَالَ لَهُمْ أَخُوهُمْ نُوحٌ أَلَا تَتَّقُونَ(106) Он гоҳ ки бародарашон Нӯҳ ба онҳо гуфт: «Оё наметарсед? |
إِنِّي لَكُمْ رَسُولٌ أَمِينٌ(107) Ман барои шумо паёмбаре ростгӯ ҳастам. |
فَاتَّقُوا اللَّهَ وَأَطِيعُونِ(108) Аз Худо битарсед ва ба ман итоъат кунед. |
وَمَا أَسْأَلُكُمْ عَلَيْهِ مِنْ أَجْرٍ ۖ إِنْ أَجْرِيَ إِلَّا عَلَىٰ رَبِّ الْعَالَمِينَ(109) Ман аз шумо дар баробари ҳидояти худ музде наметалабам. Музди ман танҳо бар ӯҳдаи Парвардигори ҷаҳониён аст. |
فَاتَّقُوا اللَّهَ وَأَطِيعُونِ(110) Пас аз Худо битарсед ва ба ман итоъат кунед!» |
۞ قَالُوا أَنُؤْمِنُ لَكَ وَاتَّبَعَكَ الْأَرْذَلُونَ(111) Гуфтанд: «Оё ба ту имон биёварем ва ҳол он ки камбағалон пайрави ту ҳастанд?» |
قَالَ وَمَا عِلْمِي بِمَا كَانُوا يَعْمَلُونَ(112) Гуфт: «Дониши ман ба корҳое, ки мекунанд, намерасад. |
إِنْ حِسَابُهُمْ إِلَّا عَلَىٰ رَبِّي ۖ لَوْ تَشْعُرُونَ(113) Агар мефаҳмед, ҳисобаш танҳо бо Парвардигори ман аст. |
وَمَا أَنَا بِطَارِدِ الْمُؤْمِنِينَ(114) Ва ман мӯъминонро дур намекунам. |
إِنْ أَنَا إِلَّا نَذِيرٌ مُّبِينٌ(115) Бимдиҳандае ошкор ҳастам». |
قَالُوا لَئِن لَّمْ تَنتَهِ يَا نُوحُ لَتَكُونَنَّ مِنَ الْمَرْجُومِينَ(116) Гуфтанд: «Эй Нӯҳ агар бас накунӣ, сангсор мешавӣ». |
قَالَ رَبِّ إِنَّ قَوْمِي كَذَّبُونِ(117) Гуфт: «Эй Парвардигори ман, қавми ман маро дурӯғ мебароранд. |
فَافْتَحْ بَيْنِي وَبَيْنَهُمْ فَتْحًا وَنَجِّنِي وَمَن مَّعِيَ مِنَ الْمُؤْمِنِينَ(118) Миёни ману онҳо роҳе баркушой ва марову мӯъминони ҳамроҳи маро наҷот бидеҳ». |
فَأَنجَيْنَاهُ وَمَن مَّعَهُ فِي الْفُلْكِ الْمَشْحُونِ(119) Ӯ ва ҳамроҳонашро дар он киштии пур наҷот додем. |
ثُمَّ أَغْرَقْنَا بَعْدُ الْبَاقِينَ(120) Ва боқиро ғарк, кардем. |
إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَآيَةً ۖ وَمَا كَانَ أَكْثَرُهُم مُّؤْمِنِينَ(121) Албатта дар ин ибратест ва бештаринашон имон наёварданд. |
وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ الْعَزِيزُ الرَّحِيمُ(122) Албатта Парвардигори ту ғолибу меҳрубон аст! |
كَذَّبَتْ عَادٌ الْمُرْسَلِينَ(123) Қавми Од паёмбаронро такзиб карданд (дурӯғ бароварданд). |
إِذْ قَالَ لَهُمْ أَخُوهُمْ هُودٌ أَلَا تَتَّقُونَ(124) Он гоҳ, ки бародарашон Ҳуд гуфт: «Оё наметарсед? |
إِنِّي لَكُمْ رَسُولٌ أَمِينٌ(125) Ман барои шумо паёмбаре ростгӯ ҳастам. |
فَاتَّقُوا اللَّهَ وَأَطِيعُونِ(126) Аз Худо битарсед ва ба ман итоъат кунед. |
وَمَا أَسْأَلُكُمْ عَلَيْهِ مِنْ أَجْرٍ ۖ إِنْ أَجْرِيَ إِلَّا عَلَىٰ رَبِّ الْعَالَمِينَ(127) Ман аз шумо дар баробари ҳидояти худ музде наметалабам. Музди ман танҳо бар ӯҳдаи Парвардигори ҷаҳониён аст. |
أَتَبْنُونَ بِكُلِّ رِيعٍ آيَةً تَعْبَثُونَ(128) Оё бар сари ҳар баландӣ ба беҳудагӣ биное баланд месозед? |
وَتَتَّخِذُونَ مَصَانِعَ لَعَلَّكُمْ تَخْلُدُونَ(129) Ва бад-ин пиндор, ки ҳамеша зиндаед, қасрхое бино мекунед? |
وَإِذَا بَطَشْتُم بَطَشْتُمْ جَبَّارِينَ(130) Ва ҳар гоҳ интиқом гиред, чун бераҳмон интиқом мегиред? |
فَاتَّقُوا اللَّهَ وَأَطِيعُونِ(131) Пас аз Худо битарсед ва аз ман итоъат кунед. |
وَاتَّقُوا الَّذِي أَمَدَّكُم بِمَا تَعْلَمُونَ(132) Ва битарсед аз он Худое, ки он чиро, ки медонед, ба шумо ато кардааст. |
أَمَدَّكُم بِأَنْعَامٍ وَبَنِينَ(133) Ва ба шумо чорпоёну фарзандон ато кардааст. |
وَجَنَّاتٍ وَعُيُونٍ(134) ва боғҳову чашмасорон. |
إِنِّي أَخَافُ عَلَيْكُمْ عَذَابَ يَوْمٍ عَظِيمٍ(135) Ман аз азоби рӯзе бузург бар шумо бимнокам». |
قَالُوا سَوَاءٌ عَلَيْنَا أَوَعَظْتَ أَمْ لَمْ تَكُن مِّنَ الْوَاعِظِينَ(136) Гуфтанд: «Барюй мо яксон аст, ки моро панд диҳӣ ё панд надиҳӣ. |
إِنْ هَٰذَا إِلَّا خُلُقُ الْأَوَّلِينَ(137) Инҳо ҷуз ҳамон дурӯғу найранги пешиниён нест. |
وَمَا نَحْنُ بِمُعَذَّبِينَ(138) Ва мо азоб нахоҳем шуд». |
فَكَذَّبُوهُ فَأَهْلَكْنَاهُمْ ۗ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَآيَةً ۖ وَمَا كَانَ أَكْثَرُهُم مُّؤْمِنِينَ(139) Пас дурӯғаш бароварданд ва Мо ононро ҳалок кардем. Албатта дар ин ибратест ва бештаринашон имон наёварданд! |
وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ الْعَزِيزُ الرَّحِيمُ(140) Албатта Парвардигори ту ғолибу меҳрубон аст! |
كَذَّبَتْ ثَمُودُ الْمُرْسَلِينَ(141) Қавми Самуд паёмбаронро дурӯғ бароварданд, |
إِذْ قَالَ لَهُمْ أَخُوهُمْ صَالِحٌ أَلَا تَتَّقُونَ(142) Он гоҳ ки бародарашон Солеҳ гуфт: «Оё наметарсед? |
إِنِّي لَكُمْ رَسُولٌ أَمِينٌ(143) Ман барои шумо паёмбаре ростгӯ ҳастам. |
فَاتَّقُوا اللَّهَ وَأَطِيعُونِ(144) Аз Худо битарсед ва ба ман итоъат кунед! |
وَمَا أَسْأَلُكُمْ عَلَيْهِ مِنْ أَجْرٍ ۖ إِنْ أَجْرِيَ إِلَّا عَلَىٰ رَبِّ الْعَالَمِينَ(145) Ман аз шумо дар баробари ҳидояти худ музде наметалабам. Музди ман танҳо бар ӯҳдаи Парвардигори ҷаҳониён аст! |
أَتُتْرَكُونَ فِي مَا هَاهُنَا آمِنِينَ(146) Оё пиндоред, ки шуморо дар ин неъматҳо эмин раҳо мекунанд? |
فِي جَنَّاتٍ وَعُيُونٍ(147) Дар боғҳову чашмасорҳо? |
وَزُرُوعٍ وَنَخْلٍ طَلْعُهَا هَضِيمٌ(148) Ва киштзорҳову наҳлҳо (хурмозорҳо) бо он шукуфаҳои нарму латиф? |
وَتَنْحِتُونَ مِنَ الْجِبَالِ بُيُوتًا فَارِهِينَ(149) Ва шодмон дар кӯҳҳо хонаҳое метарошед? |
فَاتَّقُوا اللَّهَ وَأَطِيعُونِ(150) Пас аз Худо битарсед ва ба ман итоъат кунед! |
وَلَا تُطِيعُوا أَمْرَ الْمُسْرِفِينَ(151) Ва фармони ин исрофкоронро қабул накунед. |
الَّذِينَ يُفْسِدُونَ فِي الْأَرْضِ وَلَا يُصْلِحُونَ(152) Инҳо, ки дар замин фасод мекунанд ва ислоҳ намекунанд». |
قَالُوا إِنَّمَا أَنتَ مِنَ الْمُسَحَّرِينَ(153) Гуфтанд: «Ғайри ин нест, ки туро ҷоду кардаанд. |
مَا أَنتَ إِلَّا بَشَرٌ مِّثْلُنَا فَأْتِ بِآيَةٍ إِن كُنتَ مِنَ الصَّادِقِينَ(154) Ту низ башаре монанди мо ҳастӣ. Агар рост мегӯӣ, нишонае биёвар». |
قَالَ هَٰذِهِ نَاقَةٌ لَّهَا شِرْبٌ وَلَكُمْ شِرْبُ يَوْمٍ مَّعْلُومٍ(155) Гуфт: «Ин модашутури ман аст. Як рӯз об хӯрдан ҳаққи ӯ бошад ва як рӯз ҳаққи шумо. |
وَلَا تَمَسُّوهَا بِسُوءٍ فَيَأْخُذَكُمْ عَذَابُ يَوْمٍ عَظِيمٍ(156) Ба он осебе нарасонед, ки азоби рӯзе бузург шуморо фурӯ мегирад». |
فَعَقَرُوهَا فَأَصْبَحُوا نَادِمِينَ(157) Онро куштанд ва пушаймон шуданд. |
فَأَخَذَهُمُ الْعَذَابُ ۗ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَآيَةً ۖ وَمَا كَانَ أَكْثَرُهُم مُّؤْمِنِينَ(158) Пас азоб онҳоро фурӯ гирифт., Албатта дар ин ибратест ва бештаринашон имон наёварданд. |
وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ الْعَزِيزُ الرَّحِيمُ(159) Албатта Парвардигори ту ғолибу меҳрубон аст! |
كَذَّبَتْ قَوْمُ لُوطٍ الْمُرْسَلِينَ(160) Қавми Лут паёмбаронро дурӯғ бароварданд. |
إِذْ قَالَ لَهُمْ أَخُوهُمْ لُوطٌ أَلَا تَتَّقُونَ(161) Он гоҳ, ки бародарашон Лут гуфт: «Оё наметарсед? |
إِنِّي لَكُمْ رَسُولٌ أَمِينٌ(162) Мам барои шумо паёмбаре ростгӯ ҳастам. |
فَاتَّقُوا اللَّهَ وَأَطِيعُونِ(163) Аз Худо битарсед ва ба ман итоъат кунед! |
وَمَا أَسْأَلُكُمْ عَلَيْهِ مِنْ أَجْرٍ ۖ إِنْ أَجْرِيَ إِلَّا عَلَىٰ رَبِّ الْعَالَمِينَ(164) Ман аз шумо дар баробари ҳидояти худ музде наметалабам. Музди ман танҳо бар ӯхдаи Парвардигори ҷаҳониён аст! |
أَتَأْتُونَ الذُّكْرَانَ مِنَ الْعَالَمِينَ(165) Чаро аз миёни мардуми ҷаҳон бо мардон меомезед? |
وَتَذَرُونَ مَا خَلَقَ لَكُمْ رَبُّكُم مِّنْ أَزْوَاجِكُم ۚ بَلْ أَنتُمْ قَوْمٌ عَادُونَ(166) Ва ҳамсаронеро, ки Парвардигоратон бароятон офаридааст, тарк мегӯед? На, шумо мардуме таҷовузкор ҳастед!» |
قَالُوا لَئِن لَّمْ تَنتَهِ يَا لُوطُ لَتَكُونَنَّ مِنَ الْمُخْرَجِينَ(167) Гуфтанд: «Эй Лут, агар бас накунӣ, аз шаҳр берунат мекунем». |
قَالَ إِنِّي لِعَمَلِكُم مِّنَ الْقَالِينَ(168) Гуфт: «Ман бо кори шумо душманам. |
رَبِّ نَجِّنِي وَأَهْلِي مِمَّا يَعْمَلُونَ(169) Эй Парвардигори ман, маро ва касонамро аз оқибати амале, ки мекунанд, наҷот бахш!» |
فَنَجَّيْنَاهُ وَأَهْلَهُ أَجْمَعِينَ(170) Ӯ ва ҳамаи касонашро наҷот додем, |
إِلَّا عَجُوزًا فِي الْغَابِرِينَ(171) ғайри пиразане, ки хост бимонад. |
ثُمَّ دَمَّرْنَا الْآخَرِينَ(172) Сипас дигаронро ҳалок кардем, |
وَأَمْطَرْنَا عَلَيْهِم مَّطَرًا ۖ فَسَاءَ مَطَرُ الْمُنذَرِينَ(173) бар онҳо бороне боронидем ва чӣ бад буд борони таҳдидшудагон! |
إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَآيَةً ۖ وَمَا كَانَ أَكْثَرُهُم مُّؤْمِنِينَ(174) Албатта дар ин ибратест ва бештаринашон имон наёварданд. |
وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ الْعَزِيزُ الرَّحِيمُ(175) Албатта Парвардигори ту ғолибу меҳрубон аст! |
كَذَّبَ أَصْحَابُ الْأَيْكَةِ الْمُرْسَلِينَ(176) Мардуми Айка паёмбаронро дурӯғ бароварданд. |
إِذْ قَالَ لَهُمْ شُعَيْبٌ أَلَا تَتَّقُونَ(177) Он гоҳ ки Шуъайб ба онҳо гуфт: «Оё аз Худо наметарсед? |
إِنِّي لَكُمْ رَسُولٌ أَمِينٌ(178) Ман барои шумо паёмбаре ростгӯ ҳастам. |
فَاتَّقُوا اللَّهَ وَأَطِيعُونِ(179) Аз Худо битарсед ва ба ман итоъат кунед! |
وَمَا أَسْأَلُكُمْ عَلَيْهِ مِنْ أَجْرٍ ۖ إِنْ أَجْرِيَ إِلَّا عَلَىٰ رَبِّ الْعَالَمِينَ(180) Ман аз шумо дар баробари ҳидояти худ музде наметалабам. Музди ман танҳо бар ӯҳдаи Парвардигори ҷаҳониён аст. |
۞ أَوْفُوا الْكَيْلَ وَلَا تَكُونُوا مِنَ الْمُخْسِرِينَ(181) Паймонаро (зарфи ченкуниро) тамом бипардозед ва камфурӯшӣ макунед. |
وَزِنُوا بِالْقِسْطَاسِ الْمُسْتَقِيمِ(182) Ва бо тарозуи дуруст вазн кунед. |
وَلَا تَبْخَسُوا النَّاسَ أَشْيَاءَهُمْ وَلَا تَعْثَوْا فِي الْأَرْضِ مُفْسِدِينَ(183) Ба мардум кам мадиҳед ва бебокона дар замин фасод макунед. |
وَاتَّقُوا الَّذِي خَلَقَكُمْ وَالْجِبِلَّةَ الْأَوَّلِينَ(184) Аз он кас, ки шумо ва офаридагони пеш аз шуморо офаридааст, битарсед». |
قَالُوا إِنَّمَا أَنتَ مِنَ الْمُسَحَّرِينَ(185) Гуфтанд: «Ғайри ин нест, ки туро ҷоду кардаанд. |
وَمَا أَنتَ إِلَّا بَشَرٌ مِّثْلُنَا وَإِن نَّظُنُّكَ لَمِنَ الْكَاذِبِينَ(186) Ту низ инсоне монанди мо ҳастӣ ва мепиндорем, ки дурӯғ мегӯӣ. |
فَأَسْقِطْ عَلَيْنَا كِسَفًا مِّنَ السَّمَاءِ إِن كُنتَ مِنَ الصَّادِقِينَ(187) Агар рост мегӯӣ, порае аз осмонро бар сари мо андоз». |
قَالَ رَبِّي أَعْلَمُ بِمَا تَعْمَلُونَ(188) Гуфт: «Парвардигори ман ба коро, ки мекунед, донотар аст». |
فَكَذَّبُوهُ فَأَخَذَهُمْ عَذَابُ يَوْمِ الظُّلَّةِ ۚ إِنَّهُ كَانَ عَذَابَ يَوْمٍ عَظِيمٍ(189) Пас дурӯғаш бароварданд ва дар он рӯзи абрӣ азоб ононро фурӯ гирифг. Ва он азоби рӯзе бузург буд! |
إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَآيَةً ۖ وَمَا كَانَ أَكْثَرُهُم مُّؤْمِنِينَ(190) Албатта дар ин ибратест ва бештаринашон имон наёварданд. |
وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ الْعَزِيزُ الرَّحِيمُ(191) Албатта Парвардигори ту ғолибу меҳрубон аст. |
وَإِنَّهُ لَتَنزِيلُ رَبِّ الْعَالَمِينَ(192) Ва ин китоб нозилшуда аз ҷониби Парвардигори ҷаҳониён аст. |
نَزَلَ بِهِ الرُّوحُ الْأَمِينُ(193) Онро рӯҳуламин нозил кардааст |
عَلَىٰ قَلْبِكَ لِتَكُونَ مِنَ الْمُنذِرِينَ(194) бар дили ту, то аз бимдиҳандагон бошӣ, |
بِلِسَانٍ عَرَبِيٍّ مُّبِينٍ(195) ба забони арабии равшан. |
وَإِنَّهُ لَفِي زُبُرِ الْأَوَّلِينَ(196) Ва он дар навиштаҳои пешиниён низ ҳаст. |
أَوَلَمْ يَكُن لَّهُمْ آيَةً أَن يَعْلَمَهُ عُلَمَاءُ بَنِي إِسْرَائِيلَ(197) Оё ин нишона бар онҳо басанда нест, ки уламои банӣ-Исроил аз он огоҳанд? |
وَلَوْ نَزَّلْنَاهُ عَلَىٰ بَعْضِ الْأَعْجَمِينَ(198) Агар онро бар яке аз аҷамон (ғайри арабҳо) нозил карда будем |
فَقَرَأَهُ عَلَيْهِم مَّا كَانُوا بِهِ مُؤْمِنِينَ(199) ва барояшон онро мехонд, ба он имон намеоварданд, |
كَذَٰلِكَ سَلَكْنَاهُ فِي قُلُوبِ الْمُجْرِمِينَ(200) Ба ин тарз Қуръонро дар дилҳои гунаҳкорон роҳ додем. |
لَا يُؤْمِنُونَ بِهِ حَتَّىٰ يَرَوُا الْعَذَابَ الْأَلِيمَ(201) Ба он имон намеоваранд то азоби дардоварро бубинанд. |
فَيَأْتِيَهُم بَغْتَةً وَهُمْ لَا يَشْعُرُونَ(202) Ва он азоб ногаҳон ва бехабар бар онон фурӯд меояд. |
فَيَقُولُوا هَلْ نَحْنُ مُنظَرُونَ(203) Мегӯянд: «Оё моро мӯҳлате хоҳанд дод?» |
أَفَبِعَذَابِنَا يَسْتَعْجِلُونَ(204) Оё ба азоби мо мешитобанд? |
أَفَرَأَيْتَ إِن مَّتَّعْنَاهُمْ سِنِينَ(205) Дидӣ, ки ҳарчанд солҳо баҳрамандашон сохтем, |
ثُمَّ جَاءَهُم مَّا كَانُوا يُوعَدُونَ(206) боз ҳам азобе, ки ба онҳо ваъда шуда буд, бар сарашон омад. |
مَا أَغْنَىٰ عَنْهُم مَّا كَانُوا يُمَتَّعُونَ(207) Он баҳрамандиҳо ба ҳолашон нафъ накард? |
وَمَا أَهْلَكْنَا مِن قَرْيَةٍ إِلَّا لَهَا مُنذِرُونَ(208) Мо ҳеҷ деҳаеро ҳалок накардем, ҷуз он, ки барояшон бимдиҳандагоне буданд, |
ذِكْرَىٰ وَمَا كُنَّا ظَالِمِينَ(209) то пандашон диҳанд. Зеро мо ситамкор нестем. |
وَمَا تَنَزَّلَتْ بِهِ الشَّيَاطِينُ(210) Ва ин Қуръонро шайтонҳо нозил накардаанд. |
وَمَا يَنبَغِي لَهُمْ وَمَا يَسْتَطِيعُونَ(211) Онон на лоиқи ин коранд ва на тавони он доранд. |
إِنَّهُمْ عَنِ السَّمْعِ لَمَعْزُولُونَ(212) Шайтонҳоро аз шунидани ваҳй дур доштаанд. |
فَلَا تَدْعُ مَعَ اللَّهِ إِلَٰهًا آخَرَ فَتَكُونَ مِنَ الْمُعَذَّبِينَ(213) Пас бо Худои якто худои дигареро махон, то мабод дар шумори азобшавандагон дароӣ. |
وَأَنذِرْ عَشِيرَتَكَ الْأَقْرَبِينَ(214) Хешовандони наздикатро битарсон. |
وَاخْفِضْ جَنَاحَكَ لِمَنِ اتَّبَعَكَ مِنَ الْمُؤْمِنِينَ(215) Дар баробари ҳар як аз мӯъминон, ки ба ту пайравӣ мекунад, хоксору нарм бош! |
فَإِنْ عَصَوْكَ فَقُلْ إِنِّي بَرِيءٌ مِّمَّا تَعْمَلُونَ(216) Ва агар бар ту нофармони карданд, бигӯ: «Ман аз корҳои шумо безорам!» |
وَتَوَكَّلْ عَلَى الْعَزِيزِ الرَّحِيمِ(217) Ва бар Худои пирӯзманду меҳрубон таваккал кун. |
الَّذِي يَرَاكَ حِينَ تَقُومُ(218) Он, ки туро мебинад, он гоҳ, ки бармехезӣ |
وَتَقَلُّبَكَ فِي السَّاجِدِينَ(219) ва намоз хонданатро бо дигар намозгузорон мебинад. |
إِنَّهُ هُوَ السَّمِيعُ الْعَلِيمُ(220) Албатта Ӯст шунавои доно! |
هَلْ أُنَبِّئُكُمْ عَلَىٰ مَن تَنَزَّلُ الشَّيَاطِينُ(221) Оё шуморо огоҳ кунам, ки шайтонҳо ба назди киҳо меоянд? |
تَنَزَّلُ عَلَىٰ كُلِّ أَفَّاكٍ أَثِيمٍ(222) Бар ҳар дурӯғгӯи гунаҳкор меоянд. |
يُلْقُونَ السَّمْعَ وَأَكْثَرُهُمْ كَاذِبُونَ(223) Гӯш медиҳанд ва бештаринашон дурӯғгӯёнанд. |
وَالشُّعَرَاءُ يَتَّبِعُهُمُ الْغَاوُونَ(224) Ва гумроҳон аз паи шоирон мераванд. |
أَلَمْ تَرَ أَنَّهُمْ فِي كُلِّ وَادٍ يَهِيمُونَ(225) Оё надидаӣ, ки шоирон дар ҳар водие саргаштаанд? |
وَأَنَّهُمْ يَقُولُونَ مَا لَا يَفْعَلُونَ(226) Ва чизҳо мегӯянд, ки худ амал намекунанд? |
إِلَّا الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ وَذَكَرُوا اللَّهَ كَثِيرًا وَانتَصَرُوا مِن بَعْدِ مَا ظُلِمُوا ۗ وَسَيَعْلَمُ الَّذِينَ ظَلَمُوا أَيَّ مُنقَلَبٍ يَنقَلِبُونَ(227) Ғайри онҳо, ки имон оварданд ва корҳои шоиста карданд ва Худоро фаровон ёд карданд ва чун мавриди ситам воқеъ шуданд, интиқом гирифтанд. Ва ситамкорон ба зуди хоҳанд донист, ки ба чӣ маконе бозмегарданд. |
سورهای بیشتر به زبان تاجیکی:
دانلود سوره شعراء با صدای معروفترین قراء:
انتخاب خواننده برای گوش دادن و دانلود کامل سوره شعراء با کیفیت بالا.
أحمد العجمي
ابراهيم الاخضر
بندر بليلة
خالد الجليل
حاتم فريد الواعر
خليفة الطنيجي
سعد الغامدي
سعود الشريم
الشاطري
صلاح بوخاطر
عبد الباسط
عبدالرحمن العوسي
عبد الرشيد صوفي
عبدالعزيز الزهراني
عبد الله بصفر
عبد الله الجهني
علي الحذيفي
علي جابر
غسان الشوربجي
فارس عباد
ماهر المعيقلي
محمد أيوب
محمد المحيسني
محمد جبريل
المنشاوي
الحصري
مشاري العفاسي
ناصر القطامي
وديع اليمني
ياسر الدوسري
به قرآن کریم چنگ بزنید